Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Артиши Таиланд мухолифинро саркӯб кардан мехоҳад


Бар асари задухӯрдҳои нерӯҳои амниятӣ ва ҷонибдорони мухолифин дар маркази шаҳри Бангкок, пойтахти Таиланд, 33 ба ҳалокат расида, 239 нафар ҷароҳат бардоштанд. Задухӯрдҳо рӯзи панҷшанбе, баъди он шурӯъ шуданд, ки артиш қароргоҳи мухолифин дар маркази Бангкокро иҳота кард ва талош намуд, ки ширкатдорони намоиши эътирозиро пароканда созад.
Мақомоти Таиланд пешниҳоди мухолифин барои музокирот бо миёнҷигарии СММ-ро рад карданд. Ахиран ҳукумат аз занон ва афроди кӯҳансол даъват намуд, ки ҷойи ҳодисаро тарк кунанд. Интизор меравад, ки имрӯз артиши Таиланд талоши аз мухолифин пок кардани маркази пойтахтро аз сар бигирад.
Ҷонибдорони сарвазири пешин Таксин Шиноват аз авоили моҳи апрел ба ин сӯ истеъфои ҳукумат ва баргузории интихоботи қабл аз вақти парлумониро талаб доранд. Музокироти қаблии онҳо бо ҳукумат ноком анҷом ёфта буд.
XS
SM
MD
LG