Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми эъдоми 6 фаъоли эронӣ таъйид шудааст


Додситони Теҳрон Аббос Ҷаъфарии Давлатободӣ гуфт, ҳукми эъдоми 6 тан аз фаъолони мухолифин, ки дар ҷараёни эътирозҳои пасоинтихоботии соли гузашта боздошт шуданд, таъйид шудааст. Ин 6 нафар марбут ба созмони мамнӯъи Муҷоҳидини халқ дониста шудаанд. Давлатободӣ гуфт, се тан аз ин маҳкуминро баъд аз эътирозҳои рӯзҳои Ошӯро дар моҳи декабр ва сеи дигарро моҳи сентябр боздошт кардаанд.
Мақомоти Эрон дар ҷараёни эътирозҳое, ки ҷумҳурии исломиро дар пайи эълони пирӯзии Маҳмуди Аҳмадинажод дар интихоботи пурбаҳси моҳи июни соли гузашта фаро гирифт, ҳудудан то 4 000 нафар, бо шумули хабарнигорон ва сиёсатмадорони ислоҳталабро ба зиндон кашониданд.
XS
SM
MD
LG