Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои марзбонӣ хабари рабудани силоҳро рад карданд


Раёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон хабари рабудани 12 автомати Калашников аз як қисми низомии сарҳадиро рад кард. Ахиран сомонаи интернетии Сентразия. ру бо такя ба Додситонии низомии Тоҷикистон хабар дод, ки охирҳои моҳи апрел афроди ношинос шабона ба комендатураи марзбонии “Бӯстон”, воқеъ дар ноҳияи Мастчоҳ, ҳамла карда, аз низомиёни тоҷик 12 автомати Калашников бо тирдонҳоро рабуданд.
Раиси дафтари матбуоти нерӯҳои марзбонӣ Хушнуд Раҳматуллоев ба хабаргузориҳои маҳаллӣ гуфтааст, ки “ин хабар аз ҳақиқат дур аст ва ба ягон гурӯҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ягон хел ҳамла сурат нагирифтааст”.
XS
SM
MD
LG