Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштор дар Карачай-Черкесски Русия


Дар ҷумҳурии Карачай-Черкесски Русия мардони ниқобпӯш Фрал Шебзухов-яке аз ёрони раиси ҷумҳури ин минтақаро бераҳмона лату кӯб кардаанд ва сипас ҳадафи тир қарор додаанд. Дар ин бора хабаргузориҳои Русия иттилоъ додаанд. Борис Ебзеуев-раиси ҷумҳури Карачай-Черкесск дар як эъломия гуфтааст, ки ин куштор ангезаи сиёсӣ дорад. Минтақаи Карачай-Черкесск дар ҷануби қаламрави Русия ҷазираи оромӣ шинохта мешуд. Дар ин минтақа Чеченистону Доғистон ва Ингушетия чандон ором ба назар намерасанд.
XS
SM
MD
LG