Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифини Украин хостори истеъфои Янукович шуданд


Дар канори бинои Верховная Рада дар шаҳри Киев чанд ҳазор ҷонибдорони мухолифин бо талаби истеъфои раисиҷумҳур Виктор Янукович гирдиҳамоӣ доир карданд. Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ, онҳо дар даст шиорҳои “Янукович, биист, Украинаро мафурӯш!” доштанд. Сарвазири пешини Украина Юлия Тимошенко дар ин гирдиҳамоӣ суханронӣ кард ва изҳор намуд, ки “амалкарди Янукович хилофи манофеъи Украина аст, зеро ӯ украин ва ватандӯст нест ва аз манфиатҳои мардум дифоъ намекунад”.
Ҳамзамон тақрибан ду ҳазор ҷонибдорони Ҳизби минтақаҳо низ ба хотири дифоъ аз Виктор Янукович дар канории бинои парлумон ҷамъ омада буданд.
Намоишҳои эътирозӣ дар Украина баъди он аз сар гирифта шуданд, ки сарони Русия ва Украина санади тамдиди будубоши Флоти баҳри Сиёҳи Русия дар Қрим то соли 2042-ро имзо карданд ва ин санад аз сӯи парлумонҳои ҳарду кишвар низ пазируфта шуд.
XS
SM
MD
LG