Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳодияи Аврупо аз арзиши евро дифоъ мекунад


Мақомоти расмӣ мегӯянд, ки Иттиҳодияи Аврупо ба тавофуқ расидааст, ки ба арзиши 720 миллиард евро сандуқи бӯҳрон таъсис диҳад ва бад-ин тариқ кишварҳои қаламрави евроро аз бӯҳрони молии ҳамсони Юнон ҳимоят кунад. Елена Салгадо-вазири молияи Испания баъд аз мулоқоти вазирони молияи Иттиҳодияи Аврупо дар Бруссел гуфт, тибқи созиши ба дастомада Кумссиюни Аврупо ва ниҳодҳои иҷроии Иттиҳодияи Аврупо 60 миллиард евро омода мекунанд, дар ҳоле, ки 16 кишвари қаламрави евро бояд 440 миллиард евро фароҳам оранд. Елена Салгадо гуфт, Сандуқи Байналмиллалии Пул 220 миллиард еврои дигар хоҳад дод. Оллӣ Реҳн-кумиссари Иттиҳодияи Аврупо дар умури иқтисоду молӣ гуфт, ки ин иттиҳодия омода аст, аз беарзиш шудани евро пешгирӣ кунад.
XS
SM
MD
LG