Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 21 нафар дар Кӯлоб расман таъйид шудааст


Ба гуфтаи мақомот, шумори қурбониёни обхезиҳои рӯзҳои 6 ва 7 май дар минтақаи Кӯлоб ба 21 нафар расидааст, ки 10 нафараш кӯдакон будаанд. Сухангӯи кумитаи ҳолоти изтирории Тоҷикистон Дӯстмурод Забиров гуфтааст, ҳудуди 48 тани дигар беномунишон боқӣ монда, дар маҷмӯъ дар ҷануби кишвар 1500 манзил бар асари офатҳои ахир тахриб шудаанд. Ин дар ҳолест, ки сокинони шаҳри Кӯлоб дар бораи ҳалокати беш аз 50 нафар танҳо дар ин шаҳр бар асари ин офоти табиӣ хабар медиҳанд. Селхезиҳо дар маҷмӯъ ба 12 ноҳияи ҷануби кишвар асобат карда, хисороташ беш аз 100 миллион доллар гуфта мешавад.
XS
SM
MD
LG