Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кушта шудани 2 сарбози Туркия ва 5 шӯришии курд


Бино ба гузоришҳо, имрӯз дар ҷануби шарқи Туркия дар наздикии марз бо Ироқ дар задухӯрде 2 сарбози Туркия ва 5 шӯришии курд кушта шудаанд. Хабаргузориҳои ғарбӣ аз қавли мақомоти расмии Туркия навиштаанд, даргириҳо замоне ба вуқуъ пайвастааст, ки шӯришиёни Ҳизби Коргарии Курдистон ё Пи Кей Кей ба сарбозони туркӣ дар наздикии посгоҳи низомии Туркия дар вилояти Ҳақкорӣ ҳамла бурдаанд.
XS
SM
MD
LG