Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вусъат гирифтани таҳқиқи парвандаи Файсал Шаҳзод


Мақомоти Амрикову Покистон мегӯянд, таҳқиқи қазияи Файсал Шаҳзод, шаҳрванди амрикоии покистонитаборро, суръат мебахшанд, ки ӯ бо иттиҳоми бомбгузории нофарҷом дар шаҳри Ню Йорк дастгир шуд. Мақомоти расмии Амрико Файсал Шаҳзодро ба терроризм ва талош барои инфиҷори силоҳи куштори дастаҷамъӣ муттаҳам карданд. Файсал Шаҳзоди 30-сола ба муфаттишон гуфтааст, ки сохтани бомбро ба ӯ дар Покистон дар Вазиристони Ҷанубӣ ёд додаанд. Файсал Шаҳзодро мазнуни аслӣ дар бомбгузории нофарҷом дар майдони Таймсквери Ню Йорк медонанд, ки рӯзи шанбеи гузашта сурат гирифт. Мақомот мегӯянд, саъй доранд, то иртиботи Файсал Шаҳзод бо шабакаҳои хориҷӣ ва нақши унсурҳои хориҷӣ дар тарҳрзии ҳамларо ташхис кунанд. Айни замон дар Покистон ҳам чанд нафарро дар иртибот ба тарҳрезии он ҳамла дастгир кардаанд.
XS
SM
MD
LG