Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳинд ҳукми Аҷмал Қассобро эълом мекунад


Қарор аст, имрӯз додгоҳи Ҳинд, ҳукми як шаҳрванди Покистонро содир кунад, ки ӯро ба ширкат дар ҳамлаҳои хунини соли 2008 дар шаҳри Бомбай муттаҳам мекунанд. Дар ҷараёни ҳамлафои серӯза ба ин шаҳр, 166 нафар ҳалок ва 300 тани дигар маҷрӯҳ шуд. Муҳаммад Аҷмал Қассобро узви гурӯҳи ифротгарои Лашкари Тайиба медонанд, ки ин гурӯҳ дар Покистон қароргоҳ дорад. Аҷмал Қассоб, ки ба ҳукми қатл рӯ ба рӯст, дар аввал иттиҳомот алайҳи худро рад кард, сипас гуноҳашро эътироф намуд ва дигарбора бо муттаҳам кардани пулис ба амалкарди нодуруст аз эътирофи гуноҳаш даст кашид. Дар муҳокимаи ӯ дар шаҳри Бомбай, шаҳодати бештар аз 600 нафарро шуниданд. Ду шаҳрванди Ҳиндустонро низ дар ин додгоҳ бо иттиҳоми мусоидат ба тарҳрезии ҳамла муҳокима мекунанд.
XS
SM
MD
LG