Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар офоти табиӣ имсол 17 нафар ҳалок шудаанд


Кумитаи ҳолоти изтирории Тоҷикистон мегӯяд, дар 3 моҳи аввали соли ҷорӣ дар натиҷаи ҳаводиси фавқулодда ва умдатан офоти табиӣ дар ин кишвар 17 нафар ҳалок шудаанд. Дар ҳамин давраи соли гузашта шумори фавтидагон дар натиҷаи офоти табиӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 8 нафар буд. Ҳабибуллоҳ Латифов, раиси кумитаи ҳолоти изтирории Тоҷикистон гуфт, имсол бар асари офоти табиӣ беш аз 2500 манзил тахриб шуда, ҷамъи хисороти ворида аз ин офот 13 миллион сомонӣ, муодили қариб 3 миллион долларро ташкил дод.
XS
SM
MD
LG