Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лигаи олӣ: Пирӯзии пешсафон бо ҳисоби бузург


Рӯзҳои истироҳат бозиҳои даври чаҳоруми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.

«Регар» ТадАЗ-и Турсунзода дастаи мизбон - ССКА «Помир»-и Душанберо бо ҳисоби бузурги 5:0 шикаст дод. Дар ин бозӣ Давронҷон Тухтасунов се гол зада, хет-трик кард. Ду голи дигарро Комил Саидов ба самар расонд.

«Истиқлол»-и Душанбе низ дар майдони худ ба дарвозаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд панҷ голи беҷавоб зад. Юсуф Рабиев, капитани «Истиқлол», дар дақиқаи 34-ум ҳисобро боз кард. Чаҳор голи дигарро Самад Шоҳзуҳуров, Дилшод Восиев, Анвар Норқулов ва Фарҳод Тоҳиров дар нимаи дуюми бозӣ заданд.

«Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар меҳмонӣ «Равшан»-и Кӯлобро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. Ин голи ҳалкунандаро капитани даста Нӯъмонҷон Ҳакимов дар дақиқаи 76-уми дидор ба самар расонд.

«Энергетик»-и Душанбе бар дастаи меҳмон - «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 3:0 ғолиб омад. Ҳар се голро дар нимаи дуюми дидор Александр Франк, Исломиддин Қурбонов ва Пирмурод Бурҳонов вориди дарвозаи меҳмонон карданд.

Ба ин тартиб, дастаи «Регар» ТадАЗ, ки дар ҳамаи 4 бозӣ пирӯз шудааст, бо 12 имтиёз мисли пешин дар ҷадвали мусобиқа дар ҷои аввал мебошад.

Муддаъиёни дигари унвони қаҳрамонӣ - дастаҳои «Истиқлол» ва «Вахш» 9-имтиёзӣ ба даст овардаанд. «Вахш» 4 бозӣ, вале «Истиқлол» як бозӣ камтар анҷом додааст. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо «Истиқлол» дар ҷои дуюм ва «Вахш» дар ҷои сеюм қарор доранд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа то 29-уми апрел

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/T

И

1.

«Регар»ТадАЗ

4

4

0

0

16-0

12

2.

«Истиқлол» (Душанбе)

3

3

0

0

9-2

9

3.

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

4

3

0

1

3-2

9

4.

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

4

1

2

1

4-7

5

5.

«Энергетик» (Душанбе)

4

1

1

2

5-4

4

6.

«Парвоз» (Б.Ғафуров)

4

1

1

2

4-5

4

7.

ССКА«Помир» (Душанбе)

4

0

2

2

1-8

2

8.

«Хайр» (Ваҳдат)

3

0

1

2

1-6

1

9.

«Равшан» (Кӯлоб)

4

0

1

3

1-10

1


Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Давронҷон Тухтасунов («Регар» ТадАЗ) бо 7 гол дар ҷои аввал аст. Ҳамдастаи ӯ Комил Саидов бо 3 гол ҷои дуюмро касб кардааст.

Даври 5-ум
29-уми апрел (панҷшанбе)
«Регар» ТадАЗ - «Истиқлол»
«Вахш» - ССКА «Помир»
1-уми май (шанбе)
«Хайр» - «Равшан»
2-уми май (якшанбе)
«Хуҷанд» - «Энергетик»
XS
SM
MD
LG