Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон ҳодисаҳои худкушӣ рӯ ба афзоиш аст


Дар Тоҷикистон теъдоди ҳодисаҳои худкушӣ рӯ ба афзоиш аст. Муовини аввали вазири умури дохила Рамазон Раҳимов имрӯз ба хабарнигорон гуфт, ки дар се моҳи аввали соли равон 154 сокини кишвар, аз ҷумла, 26 ноболиғ, даст ба худкушӣ задаанд. Ба гуфтаи Рамазон Раҳимов, аз ҳама бештар – 44 нафар бар асари низоъҳову хушунати хонаводагӣ ихтиёрӣ дунёро тарк гуфтаанд. Барои қиёс - дар се моҳи соли гузашта дар Тоҷикистон 138 ҳодисаи худкушӣ сабт шуда буд. Ба иттилоъи вазорати умури дохила, худкушиҳо аз ҳама бештар дар вилояти Суғд рӯх медиҳанд.
XS
SM
MD
LG