Қасди ҳукумати Лаҳистон барои дафни раиси ҷумҳур Лех Качинский дар бари подшоҳон ва чеҳраҳои бонуфузи миллӣ дар калисо баҳсу даъворо дар ин кишвар барангехтааст. Як рӯҳонии баландмақом, ҳамин ҳафта эълом кард, ки Лех Качинский бо ҳамсараш Мария рӯзи якшанбе дар калисои Вавел дар шаҳри Краков дафн карда хоҳанд шуд. Аммо ин тасмимро, рӯзномаи мӯътабар ва пурхонандаи Лаҳистон, “Газета Виборса”, “шитобкорона ва эҳсосӣ” хондааст. Андрей Вайда, коргардони шинохтаи лаҳистонӣ ва барандаи ҷоизаи Оскар, низ ба дафни раиси ҷумҳур дар он калисо мухолифат карда ва навиштааст, “Качинский, марди оддӣ ва хубе буд, аммо ҳаҷ далеле барои дафни ӯ дар бари шоҳони Лаҳистон дар калисои Вавел вуҷуд надорад”. Айни замон Бронислав Коморовскӣ, кафили мақоми раиси ҷумҳури Лаҳистон, дирӯз гуфт, интихоботи раёсати ҷумҳур рӯзи 21 апрел ва баъди маросими дафн дар рӯзи 18 апрел эълом хоҳад шуд.