Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи президентии Лаҳистон моҳи июн доир мешавад


Интихобот қабл аз вақти раёсатҷумҳурии Лаҳистон 13 ваё 20 июни соли равон баргузор мешавад. Кафили раёсатҷумҳурӣ Бронислав Коморовский барои мушаххас кардани санаи баргузории ин маъракаи сиёсӣ бо раҳбарони аҳзоби сиёсии кишвар машваратҳо доир хоҳад кард.
Раисиҷумҳури Лаҳистон Лех Качинский ва хонумаш Мария субҳи рӯзи 10 апрел бар асари суқути ҳавопаймо дар канори фурудгоҳи шаҳри Смоленски Русия ба ҳалокат расиданд. Дар ин ҳодиса дар маҷмӯъ 96 нафар, аз ҷумла се муовини раиси Сейм, раиси Бонки Миллӣ, раиси ситоди Артиш, муовини вазири умури хориҷа, вакилони парлумон, муаррихон, ҳомиёни ҳуқуқи башар ва рӯҳониёни маъруфу хабарнигорон низ ҷон бохтаанд.
Қарор аст, ки маросими дафни раисиҷумҳур Качинский ва хонумаш Мария рӯзи якшанбе дар қасри Вавел дар Краков баргузор шавад. Дар ин маросим сарони ИМА, Русия, Фаронса ва дигар кишварҳо ҳузур хоҳанд дошт.
XS
SM
MD
LG