Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шиносномаҳои тоҷикиро ба консулгарӣ пас доданд


Хабаргузориҳои русӣ мегӯянд, мақомоти ин кишвар 30 шиносномаи шаҳрвандони тоҷикро, ки аз як шаҳрванди Узбакистон мусодира шуда буд, ба консулгарии Тоҷикистон дар Екатеринбург пас додаанд. Рустамҷон Пирматов рӯзи 20 январ дар истгоҳи роҳи оҳани Свердловск бо 627 шиноснома – 580 шиносномаи Қазоқистон, 17 шиносномаи Узбакистон ва 30 шиносномаи Тоҷикистон – боздошт шуда буд. Мақомоти Русия Пирматовро ба қочоқи инсон ва авомфиребӣ айбдор мекунанд.
XS
SM
MD
LG