Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кушта шудани 1 сарбози НАТО ва 4 ғайринизомӣ


Як сарбози НАТО дар ҷануби Афғонистон имрӯз бар асари инфиҷори бомби худсохт кушта шуд. Ба ин тартиб, имсол талафоти ҷонии нирӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон ба 145 сарбоз расид. Бо ин ҳол, вазорати умури дохилии Афғонистон мегӯяд, ба мина бархӯрдани як мошин дар шаҳри Ғазнӣ 4 нафар – як мард ва се занро кушта ба ҷо гузошт.
XS
SM
MD
LG