Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теҳрон иттиҳоми Алловиро рад кард


Эрон иттиҳом дар мавриди дахолаташ ба умури Ироқи ҳамсояро рад кард. Дирӯз Иёд Алловӣ, сарвазири пешини Ироқ, ки дар интихоботи парлумонии рӯзи 7 март бо бартарии андак пирӯз шудааст, Теҳронро дар талоши дахолат ба раванди ташкили эътилофи нави ҳукмрон дар парлумони Ироқ айбдор карда буд. Ромини Меҳмонпараст, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон, ин иттиҳомро бепояву бунёд хонд ва гуфт, ки ташкили ҳукумати нав – кори сирф дохилии Ироқ аст. Аз ин пеш ИМА чандин бор Эронро дар пуштибонӣ аз гурӯҳҳои ифротгарои шиамазҳаб ва талоши дахолат ба сиёсати дохилии Ироқ айбдор карда буд.
XS
SM
MD
LG