Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори сафири Олмон дар мавриди Роғун


Маҳалли сохтмони Роғун
Маҳалли сохтмони Роғун

Сафири Олмон дар Тоҷикистон аз паёмади маъракаи ҷамъоварии маблағ барои бунёди ниругоҳи Роғун ҳушдор додааст.

Дорис Ҳертрампф, сафири Олмон дар Душанбе, ки дар машваратҳои дурӯзаи кишвараш бо мақомоти вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон сӯҳбат мекард, гуфт, онҳо аз ин шеваи кор пуштибонӣ намекунанд.

Дар ин бора хабаргузории “Авесто” аз Душанбе иттилоъ додааст.

Дар нишасти мазкур, ки рӯзи сешанбе шурӯъ шуд, раҳбари бахши равобити байналмилалии вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, Лариса Кислякова аҳли нишастро бо вазъи иҷтимоиву иқтисодии кишвар ошно ва аз таъсири бӯҳрон ба иқтисоди кишвар суҳбат кард.

Дорис Ҳертрампф, сафири Олмон дар Тоҷикстон гуфт, ки кишварҳои донор бо ирсоли як нома ба унвони нахуствазири Тоҷикистон, дар таърихи 2 феврал масъалаи механизми ҷамъоварии маблағ барои Роғунро матраҳ карданд.

Сафир гуфтааст, ин маърака, ки дар авҷи буҳрони иқтисодӣ ҷараён мегирад, ба вазъи иҷтимоии кишвар таъсир хохад дошт.

Ӯ гуфтааст, "гап сари пуштибонӣ ё мухолифат ба ин маърака нест, мо аз мушкили камбуди нируи энержӣ дар Тоҷикистон огаҳ ҳастем. Аммо Олмон ҳам ба мисли Иттиҳоди Аврупо ба ин назар аст, ки об ва энержӣ масоили минтақавианд ва бояд дастаҷамъона, бо назардошти манофеъи кишварҳои минтақа ҳаллу фасл шаванд".
XS
SM
MD
LG