Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ангела Меркел аз Туркия расман боздид мекунад


Қарор аст, ки имрӯз Ангела Меркел-нахуствазири Олмон барои як боздиди дурӯзаи расмӣ вориди Туркия шавад. Дар музокироти вай бо раҳбарони Туркия мухолифати Олмон ба нақшаҳои Туркия дар мавриди узвияти ин кишвар дар Иттиҳодияи Аврупо баррасӣ мешавад. Хонум Меркел аз Туркия хостааст, ки "ҳамкори боимтиёз"-и Иттиҳодияи Авупо бошад, на узви комили ин иттиҳодия. Вале ин пешниҳодро ҷониби Туркия ба таври ҷиддӣ рад кардааст. Олмон ва Туркия бузургтарин тарафҳои тиҷоратӣ ба шумор мераванд ва тақрибан 3 миллион турк дар Олмон ба сар мебаранд. Дар ҷараёни ин боздид хонум Меркел бо Реҷеп Тайип Эрдуғон-нахуствазир ва Абдулло Гул- раиси ҷумҳур дидор ва гуфтугӯ мекунад.
XS
SM
MD
LG