Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як узви муҳими Ал-қоидаро дар Покистон куштанд


Бино ба гузоришҳо аз Вашингтон, бар асари ҳамлаи мушакии Амрико ба шимолуғарби Покистон дар ҳафтаи гузашта, зоҳиран Ҳуссайн Ал-Яманӣ - як раҳбари муҳими Ал-Қоида кушта шудааст. Хабаргузориҳо аз қавли як мақоми расмии Амрико навиштаанд, марди кушташуда, бешак Ҳуссайн Яманӣ будааст, ки дар бомбгузории қароргоҳи Хадамотии Истихборотии Амрико дар Афғонистон нақши калидӣ иҷро кардааст. Ба гуфтаи он мақоми расмӣ, он узви Ал-Қоидаро дар шаҳри Мирон Шоҳ дар вилояти Вазиристони Шимолӣ куштаанд. Ҳуссайн Ал-Яманӣ, яке аз тарҳрезони муҳими Ал-Қоида ва коршиноси маводи мунфаҷира медонистанд, ки бо гурӯҳҳои тундрави Ал-Қоида дар нимҷазираи Арабистон то ба Толибони Покистону Афғонистон иртибот барқарор кардааст. Моҳи декабри соли гузашта як бомбгузори маргталаби ӯрдунӣ ҳафт корманди Хадамоти Истихборотии Амрико, аз ҷумла чаҳор афсар, се муҳофизи қарордодӣ ва як афсари истихборотии ӯрдуниро дар Афғонистон кушт.
XS
SM
MD
LG