Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибонии порлумони украин аз сарвазири нав


Порлумони Украина аз номзадии Микола Азаров дар мақоми сарвазири ин кишвар пуштибонӣ кард. Дар нутқаш пеш аз раъйдиҳии вакилон, Азаров гуфт, масъалаҳои молиявиеро, ки ҳукумати пешина ба миён овардааст, ҳал хоҳад кард. Вай гуфт, хазинаи давлат холист ва буҷаи воқеъбинонаи соли 2010 бояд аз нав таҳия гардад. Азаров собиқ вазири молия ва аз ҳампаймонҳои президенти тозаинтихоби Украина, Виктор Янукович мебошад.
XS
SM
MD
LG