Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони натиҷаҳои ниҳоии интихоботи Тоҷикистон


Кумиссюни марказии интихобот ва раъйпурсиҳои Тоҷикистон имрӯз натиҷаҳои ниҳоии интихоботи порлумонии рӯзи якшанберо эълон кард. Бар пояи онҳо, Ҳизби халқӣ-демократии раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, бо дарёфти 70,6 дарсади оро 54 курсии Маҷлиси намояндагонро ба даст овард. Раиси Кумиссюни марказии интихобот ва раъйпурсиҳои Тоҷикистон, Мирзоалӣ Болтуев, гуфт, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо касби 8,2 дарсади раъйҳо соҳиби 2 курсии порлумон шуд. Се ҳизби хурдтари дигар низ дар порлумон курсиҳои худро хоҳанд дошт. Кумиссюн мегӯяд, зиёда аз 90 дарсади интихобкунандагон дар раъйдиҳӣ ширкат карданд. Нозирони ғарбӣ гуфтанд, интихобот ба меъёрҳои бунёдии демократӣ ҷавобгӯ набуд ва ҳизби исломӣ ҳушдор додааст, бо эътироз аз натиҷаҳои интихобот тарафдоронашро ба тазоҳурот давъат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG