Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

14 кушта дар остонаи интихоботи порламонӣ дар Ироқ


Ду бамгузории интиҳорӣ дар ҳавзаи интихоботии Ироқ ба интихоботи порламонии ин кишвар соя афканд. Дар як бамгузорӣ 7 сарбоз кушта шуд. Дар ҳамлаи дигар низ 7 ғайринизомӣ ба қатл расиданд. Дар ин ҳодисаҳо 48 нафар, аз ҷумла 25 сарбози ироқӣ, ҷароҳат бардоштанд. Ин ҳодисаҳо замоне рух дод, ки қабл аз вақт низомиён, зиндониён ва беморон барои райдиҳӣ ба ҳавзаи райдиҳӣ омаданд, то дар интихоботи 7-ӯми март ширкат кунанд. Тақрибан 950 000 нафар, ки наметавонанд рӯзи якшанбе дар райдиҳӣ ширкат кунанд, қабл аз вақт рай медиҳанд. Ҳушёр Зебарӣ-вазири корҳои хориҷаи Ироқ гуфт, ин интихобот мафҳуми минтақаӣ дорад:

"Ин танҳо интихоботи Ироқ нест. Ин интихоботи минтақаист, зеро ҳамсояҳои Ироқ онро хеле ва хеле аз наздик назорат мекунанд. Баъзеи онҳо ҳомии фаъоли баъзе гурӯҳҳо, баъзе феҳристҳо, натиҷаҳо ва монанди он мебошанд".

Оқои Зебарӣ афзуд, бо назардошти чунин вазъ дар баробари нуфузи хориҷӣ дар интихобот бояд мувозиб буд.
XS
SM
MD
LG