Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди Медведев аз Фаронса оғоз мешавад


Қарор аст, имрӯз боздиди серӯзаи Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия аз Фаронса оғоз шавад. Ҳадаф аз ин боздид таҳкими равобити иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии миёни ҳар ду кишвар арзёбӣ шудааст. Дар ҷараёни ин боздид Никола Саркозӣ-раиси ҷумҳури Фаронса дар Кохи Елисей меҳмондори раиси ҷумҳури Русия хоҳад буд. Ин ду кишвар мехоҳанд дар чаҳорчӯбаи "Соли Русия дар Фаронса" ва "Соли Фаронса дар Русия" дар кишварҳои якдигар барномаҳои фарҳангӣ иҷро кунанд. Интизор меравад, ки дар ҷараёни боздиди кунунӣ раҳбарони ҳар ду кишвар таъмини энержии Русия дар кишварҳои аврупоиро низ баррасӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG