Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама тарҳи муҷаддади ислоҳоти тиббиро муаррифӣ кард


Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, тарҳи бознигаришудаи ислоҳоти тиббии кишварро муаррифӣ кард. Қарор аст, ки барои татбиқи ин тарҳ дар даҳ соли оянда 1 триллион доллар тахсис дода шавад. Иҷрои ин тарҳ ба беш аз 31 миллион шахрвандони Амрико, ки бимаи тиббӣ надоранд, имкон медиҳад то аз хадамоти беҳдоштй бархурдор шаванд. Тағийри қонун дар бораи бимаи тиббӣ аз ваъдаҳои калидии маъракаи интихоботии Барак Обама буд.
Интизор меравад, ки Барак Обама рӯзи 25 феврал тарҳи бознигаришударо бо намояндагони Ҳизби демократ ва Ҳизби ҷумҳурихоҳон мавриди баҳсу баррасй қарор диҳад.
XS
SM
MD
LG