Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

EMI аз фурӯши Abbey Road даст кашид


Ширкати мусиқии EMI аз фурӯши Abbey Road, студияи маъруфи сабти таронаҳояш дар Лондон даст кашид. Ин студия ба маҳзи сабти таронаҳои гурӯҳи дар солҳои шасту ҳафтод шӯҳратёри The Beatles маъруфияти ҷаҳонӣ касб карда, ин гурӯҳ дар соли 1969 ҳатто як албоми таронаҳояшро ба шарафи ин студия Abbey Road ном дода буд.
Хабарҳои ҳафтаи гузашта нашршуда дар ин бора ки EMI ба далели қарздор шуданаш ин студияро мефурӯшад, мояи нигарониҳо дар миёни мухлисони мусиқӣ шуд. Пол МакКартнӣ, яке аз овозхонони собиқи The Beatles гуфт, умедвор аст, ки ин студияро ҳифз кунанд. Як сандуқи миллии фарҳангӣ эълон кард, ки Abbey Road-ро хоҳад харид.
Аммо дирӯз EMI гуфт, 50 миллион доллари пешниҳодшуда барои ин студияро радд кардааст.
XS
SM
MD
LG