Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши Ҳизби Наҳзат ба баёнияи додситони Тоҷикистон


Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон баёнияи додситонии кулл доир ба интихоботи порлумониро мояи тааҷҷуб хонд, ки дар ин баёния, аз аҳзоби сиёсӣ, матбуот, мақомоти расмӣ хостааст, зимни нашри иттилоъ доир ба интихобот масъулона ва бо эҳтиёт рафтор намоянд. Додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, бо вуҷуди иддаъоҳои Ҳизби Наҳзат доир ба мавридҳои зиёди қонуншиканӣ, ин ҳизб далелу субути мушаххас пешниҳод накардааст. Шамсиддини Саид – раиси ситоди интихоботии Ҳизби Наҳзат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳизбаш аз саъйи додситонӣ барои шафофу одилона баргузор шудани интихобот истиқбол мекунад, аммо беҳтар мебуд, агар додситонӣ худаш қонуншиканиҳоро кашф ва рафъ мекард:"Мо аз мақомоти прокуратураи генералӣ ҳам боэҳтиром хоҳиш мекунем, ки шарт нест, ки мо даъво кунем ва онҳо биёянд, дунболи ҳалли ин мушкилот шаванд, балки худашон ҳам дар таҳқиқ намудан ва пиёда шудани дастури раиси ҷумҳур барои шаффоф гузаштани интихобот даст ба кор шаванд ва худашон ҳам ин мушкилотро дар ҷомеа кашф кунанд."Интихоботи порлумонии Тоҷикистон рӯзи 28 феврал баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG