Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ шикояти Тимошенкоро мешунавад


Имрӯз Додгоҳи Олии Маъмурии Украина шикояти Юлия Тимошенко-нахуствазири Украина ва номзади интихоботи раёсати ҷумҳуриро дар бораи тақаллуб дар натиҷаҳои интихобот мешунавад. Кумиссиюни марказии интихоботи ин кишвар эълон кард, ки Виктор Янукович бо бартарии 3,5 дарсад дар даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баранда шудааст. Аммо Додгоҳи Олии маъмурӣ гуфтааст, ки дар давраи расидагӣ ба шикояти хонум Тимошенко натиҷаҳои интихобот ба ҳолати таълиқ дароварда шавад. Аз сӯи дигар, порлмони Украина 25-ӯми февралро рӯзи савганди раиси ҷумҳури мунтахаб эълон кардааст.
XS
SM
MD
LG