Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси мавзӯъи ширкати занон дар интихобот


Имрӯз эътилофи мавсум ба “Аз баробарҳуқуқии қонунӣ ба баробарҳуқуқии воқеъӣ” дар нишасте дар Душанбе мавзӯъи ширкати занон дар интихоботи қарибулвуқӯъи парлумони Тоҷикистонро ба баҳс хоҳад кашид. Ба эътиқоди аъзои ин эътилоф, ки 97 созмони занонро муттаҳид мекунад, бо вуҷуди тазмини баробарҳуқуқии занон дар қонунҳои Тоҷикистонва интисоби теъдоде аз занон ба мансабҳои давлатӣ, иттихози қарорҳо амалан дар дасти мардон боқӣ мемонад.
Гуфта мешавад, аз ҳудуди 230 номзади сабтшуда дар интихоботи парлумонии рӯзи 28 феврал номзадҳои зан танҳо 37 нафар, яъне ҳамагӣ 15 дарсадро ташкил медиҳанд.
XS
SM
MD
LG