Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи шаҳрванди Тоҷикистон дар Тошканд


Додгоҳе дар пойтахти Узбакистон се нафар, бо шумули шаҳрванди Тоҷикистон Ёқуб Ғафуровро дар қатли коргардони маъруфи театр Марк Вайл муҷрим шинохт.

Торнамои «Узметроном» бо такя ба Марат Зоҳидов, як ҳомии ҳуқуқи башари узбак, ки муқими Франкфурт аст, навиштааст, Ёқуб Ғафуров ба 19 соли зиндон, шаҳрвандони Узбакистон Қаҳрамон Пӯлодов ва Алишер Сатторов ҳар кадомӣ ба 17 соли зиндон маҳкум шуданд. Гуфта мешавад, торнамои «Узметроном» ба доираҳои ҳукуматӣ дар Узбакистон наздикӣ дорад.

Аммо додгоҳ нисбат ба ду шаҳрванди Узбакистон, ки ҳар ду дар собиқ милиса будаанд, қонуни афвро татбиқ кард ва ҳукми онҳоро то ба чаҳоряк коҳиш додааст. Яке аз онҳо, Алишер Сатторов, набераи генерал Сатторов, раҳбари пешини идораи умури дохилаи Тошканд будааст.

Вале афв нисбат ба шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба гуфтаи тафтишот зарбаи марговарро ба ҳунарманд задааст, татбиқ нашуд. Ҳангоми тасмим додгоҳ танҳо чаҳор фарзанд доштан ва худро таслим кардани Ёқуб Ғафуровро ба эътибор гирифтааст. Фотима Пириева, вакили мудофеи Ёқуб Ғафуров, ба нашрияи электронии «Узнюснет» гуфтааст, нафари таҳти ҳимояташ то оғози мурофиаҳои додгоҳӣ дар боздоштгоҳи Тоштурмаи шаҳри Тошканд ба сар мебурд. Вай афзудааст, барои шиносномаи тақаллубӣ Ёқуб Ғафуров мавриди пайгарди ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон низ қарор доштааст. Гуфта мешавад, ин шаҳрванди Тоҷикистон бо шиносномаи тақаллубӣ чанд сол дар Русия ба сар бурдааст ва баъд бо ин шиноснома вориди Ӯзбакистон шудааст.

Муттаҳами дигари ин қазия шаҳрванди Русия бо номи Умед Исҳоқов, ки ба қавли тафтишот созмондиҳандаи ин куштор будааст, дар ҷустуҷу қарор дорад.

Марат Зоҳидов, ки ба қавли худаш, раванди ин мурофиаи додгоҳиро дунбол кардааст, мегӯяд, ҳар чаҳор нафар тоҷиктабор будаанд.
Марк Вайл 7-уми ноябри соли 2007 дар назди ҳавлиаш мавриди ҳамлаи афроди номаълум қарор гирифт. Марат Зоҳидов дар робита ба сабабҳои қатли Марк Вайл мегӯяд, намоишномае, ки ин коргардон ба саҳна гузоштааст, «Тақлид ба Қуръон» ном дорад ва ба эҳтимоли қавӣ мӯҳтавои ин намоишнома қотилонро асабонӣ кардааст. Вай гуфт, Марк Вайл дар пайи ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон ҷони худро аз даст дод.

Бархе аз коршиносон сабаби қатли ӯро беэҳтиромӣ ба арзишҳои исломӣ арзёбӣ кардаанд. Дар робита ба қатли Марк Вайл фарзияҳои дигар низ мавҷуд буданд, вале додгоҳ ба баррасии танҳо ин фарзия бартарӣ додааст.

Баҳодур Сафаров, консули сафорати ҷумҳурии Тоҷикистон дар Тошканд, ба радиои Озодӣ гуфт, дар бораи мурофиаҳои додгоҳӣ ва ба зиндон маҳкум кардани шаҳрванди кишвараш ягон иттилои расмӣ ба дасти онҳо нарасидааст. Вай мегӯяд, на аз тарафи вакилони додрасонӣ ва на аз тарафи наздикони айбдоршаванда барои ширкати вакили сафорати Тоҷикистон дар мурофиаҳои додгоҳӣ касе расман муроҷиат накардааст.

Ҳамсари Ғафуров, ки худро Шаҳло муаррифӣ кардааст, ба нашрияи электронии «Узнюснет» гуфтааст, муроҷиати ӯ ҷиҳати таҷдиди назари ҳукми шавҳараш ягон натиҷаи мусбат нахоҳад дод. Ба гуфтаи Шаҳло, вай ба ин далел намедонад, ки дар бораи таҷдиди назар ба додгоҳ ариза нависад ё хайр.
XS
SM
MD
LG