Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумиссиюн шикояти Тимошенкоро баррасӣ намекунад


Кумиссиюни марказии интихоботии Украина гуфтааст, ки шикояти нахуствазир Юлия Тимошенкоро дар бораи тақаллуб дар натиҷаҳои даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баррсӣ нахоҳад кард. Даври дуввуми интихобот бо ширкати Виктор Янукович ва Юлия Тимошенко 7-ӯми феврал баргузор шуда буд. Янукович бо бештар аз 3,5 дарсади оро хонум Тимошенкоро шикаст дод. Кумиссиюни марказии интихоботии Украина ҳамчунин гуфт, ки шоми имрӯз натиҷаҳои ниҳоии интихоботро эълон хоҳад кард. АммоЮлия Тимошенко-нахуствазири Украина мегӯяд, вай далелҳое дар даст дорад, ки рақиби интихоботии вай Виктор Янукович 7-ӯми феврал дар даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ вайро фиреб додааст. Ба ин сабаб хонум Тимошенко ба нақша гирифтааст, ки натиҷаҳои интихоботро ба додгоҳ кашонад. Вай рӯзи шанбе дар як изҳороти телевизионӣ гуфтааст, ки Янукович ҳеҷ гоҳ наметавонад ба таври қонунӣ раиси ҷумҳури мунтахаб бошад. Тимошенко ҳамчунин қавл додааст, ки ҷонибдоронашро мисли Инқилоби Норинҷии соли 2004 ба тазоҳуроти эътирозӣ даъват намекунад, зеро ҳоло Украина оромӣ мехоҳад ва додгоҳ барои баррасии натиҷаҳои интихобот ҷои муносибест.
XS
SM
MD
LG