Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифони боздоштшуда бегуноҳ дониста шуданд


Пулиси Арманистон парвандаи се нафар аз фаъолони мухолифонро ба сабаби набуди далел бастааст. Тигран Аракелён ва ду нафари дигар, ки барои таҳқири мақомоти давлатӣ гунаҳгор дониста мешуданд, бегуноҳ дониста шуданд. Моҳи июл чанд нафар аз фаъолони мухолифон аз Конграи Миллии Арманистон ҳангоми раҳпаймоӣ дар Ереван барои дарафтодан бо пулис муттаҳам дониста мешуданд. Агар гуноҳи ин се нафар исбот мешуд, онҳо 10 солӣ маҳкум ба зиндон мешуданд. Пулис мегӯяд, ки гунаҳгорон бо кормандони пулис дар ҳоле дарафтодаанд, ки пулис дар тан либоси пулис надоштааст ва онҳо ноогоҳона даст ба чунин кор задаанд.
XS
SM
MD
LG