Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастгоҳи қайди ҳузури мактаббачаҳо дар калисо


Як кашиши лаҳистонӣ дар калисои худ барои мактаббачаҳои намозгузор дастгоҳи электрониеро барои шинохти ҳуввияташон насб кард, то ки аз ҳузури онҳо дар ибодатгоҳ назорат кунад. Ҳафтаномаи Gazeta Wyborcza мегӯяд, ки ҳар тифл бояд дар давоми беш аз се соли зиёрати калисо паи ангуштонашро дар рӯи ин дастгоҳ гузорад. Дар сурате, ки шумори зиёратҳои ин нафар дар маҷмӯъ аз 200 маротиба бештар шавад, ӯро баъдан бидуни имтиҳони пешакӣ метавонанд ба хизмати калисо қабул кунанд.
XS
SM
MD
LG