Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти маъруфтарин нависандаи амрикоӣ


Яке аз маъруфтарин адибони муосири амрикоӣ Ҷером Дэвид Сэлинҷер дар синни 91-солагӣ аз дунё даргузашт. Писари адиб хабар дод, ки падараш дар манзили зисташ дар Ню-Ҳампшир бар асари пиронсолӣ оламро падруд гуфтааст. Ҷером Дэвид Сэлинҷер романи худ “Дар вартаи канори гандумзор”-ро ҳанӯз соли 1951 иншо карда буд. Ин асар адибро дар ҳама олам маъруф кард. Солҳои 60-ум Сэлинҷер чанд новелла ва як қисса эҷод кард ва баъдан аз нависандагӣ даст бардошт.
XS
SM
MD
LG