Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА кумак ба Яманро густариш медиҳад


ИМА кумак ба Яман ба хотири мубориза бо мусаллаҳони “Ал-Қоида”-и мустақар дар ин кишварро густариш медиҳад. Дар ин бора вазири умури хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон, баъд аз анҷоми як нишасти байнулмилалӣ оид ба вазъи Яман, хабар дод. Дар ин нишаст дар Лондон ҳайатҳои 20 кишвар, аз ҷумла, вазирони умури хориҷаи ҳашт кишвари пешрафтаи ҷаҳон, изҳор намуданд, ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ бояд ба Яман кумаки ҳамаҷониба, аз ҷумла, кумаки иқтисодӣ кунад, зеро ба гуфтаи хонум Ҳилларӣ Клинтон, “мушкили терроризмро фақат аз роҳи низомӣ ҳал кардан ғайримумкин аст”.
XS
SM
MD
LG