Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чини пешонӣ аз пештозии Чин


Дӯсти оҳангари ман, Баҳриддин, ки аз рессори мошин беҳтарин корду ханҷар ва аз оҳани кӯҳна садбарги шукуфон сохта метавонад, тобистони гузашта аз чиноиҳо шиква кард.

Гуфт, як рӯз омаданду оҳангархонаашро ба видео гирифтанд, махсусан дасткорҳояшро ва моҳе баъд бозорашро касод карданд. Тамоми чизе ки ӯ месохт, аз ҷумла досу каланд, белу табар – ҳамаро акнун аз Чин меоранд ва дар ҳамин бозор мефурӯшанд.

Мардум хуб медонад, ки кори дасти усто Баҳриддин ҳамто надорад ва досе, ки ӯ месозад, солҳо ба кор меравад, аммо моли чиноиҳоро мехаранд, зеро ду баробар арзонтар аст.

ШИКВАИ УСТО БАҲРӢ

Бо ҷабини арақшор ва пурчин дар ҳоле ки охирин досашро даста мемонад, мегӯяд:
– Каждосе, ки онҳо аз рӯи доси ман сохта овардаанд, ба истилоҳ “одноразовий” аст, зеро онро тез карда намешавад, — мегӯяд усто Баҳрӣ, — вақти тез кардан он доира-доира аз ҳам ҷудо мешаваду мерезад. Оҳанаш бесифат. Ман беҳтараш номамро дигар мекунаму ин хел дос намесозам…

Яке аз ҳамсояҳо гуфт, доси усто Баҳриро 11 сол аст, истифода мекунад, мисли нӯли лаклак борик шудааст, вале пари коҳро дар ҳаво дупалла мекунад.

Ман ба усто гуфтам, ба досу каланду тешаву табаре, ки бо дастони ҳунармандаш месозад, нишона ё тамғаи худро гузорад, масалан, сарҳарфи номаш ё аломатеро ҳак кунад ва сифати баланди молҳои ин тамғаро нигоҳ дорад. Шояд рӯзе мардум ба андозае бой шаванд, ки на ду бор, балки як бор, вале қимат харид кунанд.

Вале усто Баҳрӣ даст афшоду дилсардона гуфт: — Ба фикрам, кори ман тамом аст. Аҷуҷу маҷуҷ ҳамаро гирифт. Ман ба онҳо дасту панҷа нарм карда наметавонам. Инро Чин мегӯяд, ҳамаро дам мекашад. Ман ҳам, ба фикрам, бояд роҳи Русияро пеш гирам. Хонда будам, ки оҳангарҳоро меҷӯянд. Меравам, барои онҳо дарвозаву панҷараҳои гулкорӣ месозам. Тақдири пешонӣ…

Ба худ мегӯям, Чин пешонии усторо пур аз чину ожанг кардааст.

ЁДДОШТЕ АЗ ГУЗАШТА

Ба хона баргаштаму зери таъсири гуфтугӯи ноумедкунанда бо усто Баҳрӣ ҳикояте ба ёдам расид, ки аз падари шодравонам шунида будам.

Бобоям, Домулло Аюб, дар мадрасаи Самарқанд мехондаанд ва падари он кас, яъне бобокалони ман — Мулло Муҳаммадсалим, ба диданашон мераванд. Ҳангоми сайругашт дар бозори Самарқанд маҳсие писандашон меояд ва онро мехаранд. Мегӯянд, ин қадар чармаш нафису маҳину пурҷило ва худаш сабук будааст, ки бобокалонам дар гӯшае аз бозор менишинанд ва бо ҳаваси том маҳсии навро ба по мекунанд.

Баъд аз чанд қадам маҳсии нав пора-пора мешавад ва онҳо мебинанд, ки он на аз чарм, балки аз пӯсти харбуза сохта шудааст. Бобокалонам ба ин ҳол нигариста, механданд, вале бобоям, Домулло Аюб сахт ба хашм меоянд ва қиблагоҳияшонро водор мекунанд, ки ба назди фурӯшанда баргарданд ва пули худро бозпас гиранд.

Вале Мулло Муҳаммадсалим хостори ҷанҷолу кашокаш намешаванд ва мегӯянд: “Вай ба мо на маҳсӣ, балки ҳунарашро фурӯхтааст…”
Фикр кардам, тафовути имрӯз аз он гузаштаи дур ин аст, ки ҳарчанд чиноиҳо низ ба мо ҳунарашонро мефурӯшанд, дар паҳлуи ҳунару тавон бо қашшоқии мо бозӣ мекунанд.

Бобокалони ман он маҳсиро на ба хотири арзонияш, аслан мегӯянд, хеле гарон будааст, балки ба хотири зебо ва нафису ғайриодӣ буданаш харидаанд. Имрӯз мо садҳо чизи тавлиди Чинро маҳз ба хотири арзонияшон мехарем, чунки нархи онҳо ба кисаи мо муносиб меояд.

ҲИКМАТИ АРЗОНӢ

Моли арзону бесифати чиноиҳо моро ҳарчӣ бештар ба як миллати пастҳиммат ва назарпаст табдил медиҳад. Аз ғояти фақр мо омодаем, барои фарзанди азизамон пойафзоли арзони чиноиро, ки шояд як моҳ ҳам набарад ва шояд ранги он заҳролуд бошад, бихарем, зеро арзон аст. Дар Аврупо ва Амрико либосу пойафзоли кӯдакона баландтарин нархро дорад, зеро дар тавлиди онҳо маводи пок ва заҳмати зиёд харҷ мешавад.

Мардуми мо гуфтааст: “Арзон беиллат нест, қимат бе ҳикмат.”

Агар мо пулдортар мебудем, “ҳунар”-и чиноиҳо бозору кӯчаҳову мактабу хонаҳои моро пур намекард.

Журналисти борикбин Мирзонабии Холиқзод дар “Блогистони Озодӣ” менависад: “Ҳоло фақат аққалан як бор ба бозори Султони Кабир дароед ва растаҳои мухталифи онро бубинед, мушоҳида хоҳед кард, ки аз сӯзану чумчаву косаву пиёла то ҷиҳози хонаву қисмҳои эҳтиётии мошинҳо ва хишту девору вассаи бому ҳама моли Чин аст. Моли кишваре, ки бо Тоҷикистон ҳамсояи девор ба девор аст.»

ШӮХӢ БО АРБОБ?

Бо Чин намешавад бозӣ кард. Моли он, ҳарчанд бо сифати беҳтар, Амрикоро низ ғарқ кардааст. Яке аз сабабҳо қарзи бузурги Амрико аз Чин аст, ки бозори дохилии Иёлоти Муттаҳидаро ба рӯи Чин боз кардааст. Ҳазорон шаҳракҳои чиноӣ дар дили шаҳрҳои Амрико низ аз ҳисоби ҳамин мол бунёд шудаву ба миллионҳо чиноӣ дар Амрико ҳаққи иқомат ва имконияти шукуфоӣ додаанд.

Аммо Амрико бузург аст ва метавонад боз ҳамин миқдор шаҳракҳои чиноиро гунҷонад. Тоҷикистон ҳатто ба як аёлати Амрико ҳам баробар нест ва дар ҳоле ба сар мебарад, ки даҳҳо ҳазор нафар аз шаҳрвандонаш ҳар сол дар кишварҳои дигар муқим мешаванд.

Вале ин ҳам як дарде, ба назар мерасад, Тоҷикистон аз Русия, Амрико, Аврупо ва Ҷаҳони Ислом дил канда, Чинро “бародари калон” баргузидааст. Ин шояд яке аз натиҷаҳои ҷанбии “сиёсати дарҳои боз” аст ё шояд пайомади бозии нодурандешонаи як кишвари кӯчак дар судҷӯӣ аз рақобатҳои геополитикии қудратҳои бузург.

Дарҳо бояд ба рӯи ҳама яксон боз ё нимабоз бошанд ва ҳамаро бояд яксон “хуш омадед” ё “худо ҳофиз” гуфт. Дарёфти манфиат аз рақобатҳоро бояд дар намунаи Қирғизистони ҳамсоя омӯхт, на дар таҷрибаҳои ҳаваскоронае, ки оқибаташон номаълум аст.

ЧИН – ҚАҲРАМОНИ МО?

Чин дар соли 2009 аз рӯи табодули молу хадамот бо Тоҷикистон Русияро дар ақиб гузошт ва ҳоло ба қаҳрамони яккаи ин ришта табдил ёфт. Додугирифт бо Чин дар ҳафт соли гузашта 100(!) баробар зиёдтар шуда, ба нуқтаи рекордии 1,5 миллиард доллар расид ва бояд дар назар дошт, ки таносуби ин додуситад шояд 90% ба суди Чин ва 10% ба суди Тоҷикистон бошад.

Роҳҳои моро Чин месозад, хатҳо ва зеристгоҳҳои барқро низ, оянда нерӯгоҳи Нуробод, нақбҳо, пулҳо… ва ҳамаро бо пулу коргари худ. Назорати бархе аз бозорҳои умдафурӯшии Тоҷикистон низ ба дасти чиноиҳо мегузарад, зеро фазоро барои онҳо дар Русия (Черкизон), Қазоқистон, Узбакистон ва Қирғизистон танг кардаанд. Тоҷикистон дарҳои боз дорад ва барои бахше аз чиноиҳо кайҳост, ба ватан табдил ёфтааст. Ва бо каме ришва ба ашхоси даркорӣ метавон, кори дилхоҳро кард.

Дар ҳамин ҳол сармоягузориҳо аз Чин қариб ба таври комил сармоягузориҳои давлатиянд ва Чин ба бузургтарин қарздиҳандаи Тоҷикистон низ табдил ёфтааст. Ҷамъи пуле, ки Пекин ба Душанбе вом додааст, аз сармояи ниҳодҳои байнулмилалӣ ба маротиб бештар аст.

Агар дар солҳои 1990 асосан тоҷирони тоҷик ба Чин рафтаву аз он ҷо мол меоварданд, ҳоло ин ришта қариб пурра ба дасти худи чиноиҳо гузаштааст, зеро ҳукумати Чин барои тоҷирони тоҷик бархе аз маҳдудиятҳоро ҷорӣ кардааст, ки дар натиҷаи онҳо моли воридотии тоҷирони тоҷик дар бозор гаронтар шуда, шикаст мехӯрад.

ВОМ БА МО Ё БА ХУД?

Иқтисодшиносон ҳушдор медиҳанд, ки қарзҳои бузурги Чин ба Тоҷикистон хатари ниҳоне доранд. Рӯшан аст, ки Душанбе ин қарзҳоро дар солҳои наздик пардохта наметавонад. Агар давлат пул медошт, ба пасандозҳои мардуми фақири хеш дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун чашм намедӯхт.

Вақте ки Тоҷикистон наметавонад, қарзҳоро баргардонад, маҷбур ба ин мешавад, ки дар иваз дастрасии Чинро ба риштаҳои стратегӣ, захираҳои табиӣ ва бозори дохилияш васеътар кунад. Аз ин лиҳоз истиқлолияти Тоҷикистон зери хатар меравад.

Аз он ҷо, ки Чин қарор аст дар соли 2010, пас аз Иёлоти Муттаҳида ба абарқудрати шумораи 2 табдил ёбад, истодагарӣ дар муқобили он низ сахту сангин хоҳад шуд. Ба хусус, ки иқтисодшиносон ҳадс мезананд, имсол дар кишварҳои Осиёи Марказӣ даври дувуми бӯҳрони иқтисодӣ шурӯъ мешавад ва Чин, баракс аз бӯҳрон берун меояд.

СОЯИ ФИЛ

Пас бояд ин ояндаро дид ё на? Пешбинӣ кард ё на? Оё дар чунин вазъ талоши Тоҷикистон ба узвият дар Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат иқдоми солимфикрона аст ё иштибоҳе, ки кишварро дар муқобили на танҳо Чин, балки тамоми ҷаҳон лухту урён ва даступобаста мекунад?

Сарвазири собиқи Канада, Жан Кретйен. мегуфт, азбаски кишвараш дар паҳлуи филе ба сар мебарад, манзур Иёлоти Муттаҳида, бояд эҳтиёт кунад, ки вақти дар хобаш ҳам паҳлу гаштани фил, зери он намонад.

Чин фил нест, балки аждаҳост. Шояд Тоҷикистонро нафаси аждаҳо афсун кардааст?

Дили ман ба усто Баҳрӣ ва миллионҳо нафари шабеҳи ӯ месӯзад, ки агар аллакай ба Русия мардикорӣ рафта бошад, ба Тоҷикистон баргашта, ҷои пой пайдо нахоҳад кард…

Аз веблоги хусусии "Нигариш ва кандуков"
XS
SM
MD
LG