Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарки фикр, марги тан…


Пас аз харидани себу дигар меваҳо дар бозори Шоҳмансур хостам, ноки обдори хушмазза ҳам бихарам. Муйсафеде ки нокҳояш коғазпеч буданд таваҷҷӯҳи маро ҷалб кард.

Пурсидам: "Барои чӣ бобо бо коғаз нокҳоро мепечонед", гуфт, ки дар зимистон барои дарозмуддат ҳифз шаванд ва ҳам ҳангоми гирифтану мондан латма нахӯранд. Мӯйсафед аввал коғазҳои печондашударо мегирифт, баъд нокҳоро дар тарозу мегузошт. Ман ба коғазҳое зарду доғдор нигоҳ мекардам ва намедонам бо амри тасодуф буд ё қазои сарнавишт, чашмам ба варақи китобе афтод, ки рӯи он «Рисолаи Ҷарри Исқол» навишта шуда буд.

«Илтимос, ҳамон варақи китобро ба ман диҳед," хоҳиш кардам аз муйсафед. Вай суоломез ба ман нигарист ва даст афшонда, гуфт: "Ин як коғазай, бачам, чӣ кораш мекунӣ..."

Барои ман ин унвони китоб шинос буд, зеро чанд сол қабл дар Китобхонаи Фирдавсӣ муддате ба мутолиаи рисолаҳои Сино пардохта будам.

БАШАРАНДЕШИИ ТОҶИКОН

Агар шумо рисолаҳои Абӯалӣ ибни Синоро нигоҳ кунед, яке аз рисолаҳои илмию техникии ва маъруфи Сино «Ҷарри исқол»ё «Ҷарри сақил» ном дорад ва дар он ҳаким Бӯалӣ бунёди фишанг ё механизми бардоштани вазнҳои сангинро нишон медиҳад. Ҳатто дар пушти ҳамин сафҳае, ки ҳоло мӯйсафед ба ман дод, дар он нақшаи бо вазнҳои андак бардоштани вазнҳои сангин нишон дода шудааст. Масалан бо истифодаи 100 кило бардоштани як тонна вазн ё бо 1 тонна бардоштани сад тоннаро нишон медиҳад….
Ман дар ин навишта намехоҳам, аз муйсафеди бозор гила кунам, ки чаро варақаҳои ин китоби муҳимро барои нокпечонӣ истифода кардааст. Манзури ман дигар аст.

Ҳанӯз Абӯалии Сино фарзанди тоҷик дар даврони худ даҳ аср қабл як тарҳи фаннӣ-техникиро дар як рисолаи таҳқиқӣ пешкаши ҷомеаи замони худ кардааст.

Ва боз даҳҳо ҳамчунин рисолаҳои Сино, Абурайҳони Берунӣ, Закариёи Розӣ ва даҳҳо олимону донишмандони дигари даҳ аср қаблро метавонам мисол орам, ки бо тавони андешаи худ дар пешрафти башар таъсир гузоштаанд.

Яъне даҳ қарн пеш миллати тоҷик барои башар андеша мекард ва тавони тавлиди андешаро ё ба истилоҳ тавони халлоқиятрро дошт. Ман дар бораи расадхонаҳо ва мадрасаҳо, улуми хонасозӣ, улуми тиб, риёзиёт ситорашиносӣ, манорасозӣ, меъморӣ обёрии шаҳрҳо, корезканӣ ва ғайра ҳарф намезанам. Зеро қисса дароз хоҳад шуд ва шояд шумо мутаваҷҷеҳи ончие ки ман мехоҳам бигӯям, нашавед.

Имрӯз, дар асри 21, шумо боре андешидаед, ки ба унвони як тоҷик дар Тоҷикистон барои аҳли башар чӣ кори созандае ва чӣ барномаву фикри наверо пешниҳод карда бошед?

ФИКР ДАРКОР НЕСТ?

Шояд баъзе мисолҳое пешниҳод куне, вале бо ду-се ё чору панҷ гул баҳор нахоҳад шуд.

Ҳоло фақат аққалан як бор ба бозори Султони Кабир дароед ва растаҳои мухталифи онро бубинед, мушоҳида хоҳед кард, ки аз сӯзану чумчаву косаву пиёла то ҷиҳози хонаву қисмҳои эҳтиётии мошинҳо ва хишту девору вассаи бому ҳама моли Чин аст. Моли кишваре, ки бо Тоҷикистон ҳамсояи девор ба девор аст.

Ҳоло мо, тоҷикҳо, амалан бар рӯи амри андешаи чиниҳо зиндагӣ дорем. Аммо вақте, ки моли ватанӣ, яъне моли Тоҷикистонро меҷӯӣ, ба ҷуз аз чанд намуди меваю сабзиҷот аслан чизи дигареро намеёбӣ.

Мисли ин ки фикр кардан, кашф кардан, итироъ ва дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳузури худро нишон додан барои ин миллат ба охир расидааст ва мисли ин ки дигар ин миллат танҳо ба як колбуд табдил шудаст, ки шаффофу рӯшан даруни он чизе наменамояд, яъне танҳо бадани бидуни мағзи ин халқ мондааст, ки нафас мекашад. Чаро?

Имрӯз тавони фикр карданро чанд миллати дунё доранд, ки ангуштшуморанд. Масалан, ҷопониҳо, олмониҳо, амрикоиҳо, русҳо ва чанд халқияти дигаре ҳастанд, ки башар бар рӯи андешаи онҳо чӣ аз лиҳози фанноварӣ ва чӣ инсонӣ бо ҳар шароите зиндагӣ доранд. Ва кишварҳое ҳам ҳастанд.ки талошу саъй доранд ба ин сатҳ бирасанд.

Тоҷикистон дар ин арса дар чӣ поя қарор дорад?

ПЕШНИҲОДИ ПРЕЗИДЕНТ

Дар миёнаҳои моҳи декабри соли гузашта президент Эмомалӣ Раҳмон дар Фарҳангистони улуми Тоҷикистон бо олимони тоҷик рӯбарӯ суҳбат кард ва ба зарурати эҷоди шароит барои хурдсолони ихтироъкор таъкид кард.

Президенти Тоҷикистон аз кӯдакони амрикоӣ ва кишварҳои дигар ёдовар шуд, ки «мактаббачагони Штатҳои Муттаҳидаи Амрико аз хонандагони давлатҳои мутараққӣ, ба монанди Англия, Нидерландия, Япония, Кореяи Ҷанубӣ, Сингапур ва ғайра қафо монда истодаанд».

Вале дар ин сӯҳбат вазъи иҷтимоии феълии мактаббачаҳои тоҷик аслан ёдовар нагардид, ки имрӯз чӣ гуна мактаббачаи тоҷик саҳни бозорҳо ва роҳу хиёбонҳоро аз синфхона афзалтар мешуморад. Чаро президент аз гирифториҳои кӯдаки хурдсоли тоҷик, ки дар кӯчаҳои Душанбе ба мошиншӯӣ ва дар бозорҳои Шоҳмансур, Саховат, Баракат ба халтабардорию аробакашӣ машғуланд аслан як ҷумла ёдовар нашуд.

Як ҳафта пеш дар бозори «Саховат» як хурдсоли тақрибан 11-сола, номаш Хуршед, мехост, халтаи 45-килоии як харидорро то назди таксӣ бибарад, ман ки ин манзараро медидам, гуфтамаш, ки ин халтаро чӣ хел мебарӣ, аслан ба ҳарфҳои ман таваҷҷӯҳ накарду зуд халтаро бардошта бурд. Ман ба худ фикр кардам, ҳоло барои ин бачаи 11-сола муҳим пул аст. На фикри қаламу дафтар на китобу ихтироъ ва на синфхонаю мактаб ва на чизи дигар. Ва созмонҳои байналмилалии масоили кӯдакон низ дар гузоришҳои худ мегӯянд, ки дар Тоҷикистон бар асари мушкили иҷтимоӣ теъдоди кӯдакони хиёбонӣ, ки талабаҳои мактабҳоянд сол ба сол меафзояд.

Вале президент Раҳмон дар ҳамон суханронӣ дар Фарҳангистони улум фақат ишора мекард, ки нисбати солҳои пешин теъдоди мактабҳо ва синфхонаҳо дар кишвар бештар ба истифода дода шудааст.

Ин дар ҳолест, ки вазири маорифи Тоҷикистон дар нишасти хабарии ахири худ 11-уми январ аз заъфи таълим дар мактабҳои кишвар изҳори норозигӣ намуд. Чунин ба назар мерасад, ки мақомоти дахлдори кишвар тавони дуввумбора ба сари мизи китобхонӣ баргардондани хурдсолонро надоранд.

ШАРОИТИ САДАИ 21?

Шояд дар инҷо шумо суол диҳед, ки чӣ хел даҳ ё нӯҳ аср пеш дар шароити набуди барқу техникаи пешрафта Синову Беруниву дигарон тавонистаанд, рисолаҳо ва андешаҳои муҳими хуро эҷод кунанд? Чуноне таърихнависҳо мегӯянд, дар он давраҳо таълиму тадрис дар мадрасаҳо чи дар бахши фиқҳу шариат ва чи дар бахши улуми дақиқ бисёр қавӣ ва ҷиддӣ будааст. Ва ҳавзаҳои илмӣ бисёр фаъол будаанд. Имрӯз чӣ? Барои эҷоди дастаҳои ихтироъкорӣ ва синфҳои эҷодкорӣ манзурам дар бахши фанҳои дақиқ ва техника дар макотиби Тоҷикистон бинобар норасоии маблағ шароит муҳайё нест.

Имрӯз чуноне, ки бозорҳои шаҳр нишон медиҳанд, машғулияту гирифтории як хурдсоли ҳафтсоларо ба як марди ҳафтодсола ки бори сангини зиндагӣ бар дӯшаш аст баробар кардааст. Ва ба назари ӯ ояндаи дур ҳам ҳамин бозор хоҳад буд.

Тавре як корманди собиқ Пажӯҳишгои Иқтисодии Тоҷикистон таъкид карда буд, чунин вазъ пеш аз ҳама имкони андешиданро аз зеҳни хурдсолону ҷавонон берун мекашад ва бетафовутию бетаваҷҷӯҳии ниҳодҳои масъули Тоҷикистон ин марҳиларо давомдор хоҳад кард, ки идомаи дарозмуддати он ҷомеаро вориди як тамаддуни дигар хоҳад кард, ки онро «тамадуни ҷангалӣ» меноманд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки президент Раҳмон соли 2010-ро дар Тоҷикистон Соли маориф ва илму техника эълон кардааст.
XS
SM
MD
LG