Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як миллиард доллари ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои эҳёи Ҳаитӣ


Сарвазири Ҳаитӣ Жан Макс Белрив аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки барои рафъи паёмадҳои заминларзаи мудҳиш ба кишвар кумаки фаврӣ кунанд. Ӯ дирӯз дар конфаронси фавқулоддаи байнулмилалӣ оид ба эҳёи Ҳаитӣ, ки дар шаҳри Монреали Канада баргузор шуд, суханронӣ кард. Дар ин нишаст тасмим гирифта шуд, ки татбиқи тарҳи дарозмуддати эҳёи Ҳаитӣ шурӯъ шавад. Барои ин тарҳ ҷомеъаи ҷаҳонӣ як миллиард доллар ҷудо хоҳад кард. Жан Макс Белрив гуфт, ки барои эҳёи Ҳаитӣ аз 5 то 10 сол зарур хоҳад шуд.
Ба иттилоъи мақомоти Ҳаитӣ, бар асари заминларзаи шадиди рӯзи 12 январ тақрибан 200 ҳазор нафар ба ҳалокат расида, ҳудуди як миллион сокинони кишвар бесарпаноҳ мондаанд. Қарор аст, ки вазъи Ҳаитӣ рӯзи чаҳоршанбе дар нишасти Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи башар низ баҳсу баррасӣ шавад.
XS
SM
MD
LG