Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирон низ дар мулоқоти Истамбул ширкат мекунанд


Дар Истамбули Туркия раисони ҷумҳури Афғонистону Покистон муносиботи миёни ин ду кишварро баррасӣ мекунанд. Туркия бо ин ду кишвар муносиботи хуб дорад. Вале солҳои ахир муносиботи Афғонистону Покистон ба сардӣ гароидааст ва Афғонистон гумон дорад, ки хадамоти амниятии Покистон аз Толибон ҷонибдорӣ мекунанд. Қабл аз музокироти сеҷониба Ҳомид Карзай ва Осиф Алӣ Зардорӣ-раисони ҷумҳури Афғонистону Покистон бо ҳам мулоқот мекунанд. Сипас ба ин музокирот Абдулло Гул-раиси ҷумҳури Туркия ҳамроҳ мешавад. Вале баъд аз вуруд ба Истамбул ҳам Карзай ва ҳам Зардорӣ бо Реҷеп Тайип Эрдуғон-нахуствазири Туркия дидор ва гуфтугӯ карданд. Дар мулоқоти сеҷонибаи раҳбарони Афғонистону Покистон ва Туркия муовини раиси ҷумҳури Эрон, муовини нахуствазири Туркманистон, вазирони умури хориҷаи Британия, Чин, Тоҷикистону Қирғизстон, Имороти Муттаҳидаи Араб, Дабири кулли Созмони конфронси исломӣ ширкат мекунанд. Қарор аст Ҳамроҳхон Зарифӣ-вазири умури хориҷаи Тоҷикистон барои ширкат дар конфронси байналмиллалӣ роҷеъ ба Афғонистон аз Истамбул ба Лондон биравад. Ин конфронс 28-ӯми январ ба кор оғоз мекунад.
XS
SM
MD
LG