Кохи Сафед ба асил будани садои раҳбари “Ал-Қоида” Усома бин Лоден дар як изҳорот аз тариқи шабакаи телевизионии “Ал-Ҷазира” шубҳа дорад. Дэвид Акселрод, мушовири раисиҷумҳури ИМА, изҳор намуд, ӯ ба раҳбари “Ал-Қоида” тааллуқ доштани садои мардеро, ки худро бин Лоден номида, масъулияти кӯшиши нокоми инфиҷори ҳавопаймои амрикоиро бар дӯш гирифтааст, тасдиқ карда наметавонад. Ёдовар мешавем, рӯзи 25 декабри соли гузашта ҳангоми парвози ҳавопаймо дар хатсайри шаҳри Амстердами Ҳуланд ва шаҳри Детройти Амрико шаҳрванди Нигерия Умар Фаррух Абдулмуталлаб хост маводи таркандаро инфиҷор кунад ва аммо сарнишинон ва мусофирон садди роҳаш шуданд. Аз ин пеш масъулияти ин кӯшиши инфиҷорро созмони “Ал-Қоида” дар нимҷазираи Арабистон бар дӯш гирифта буд.