Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазияи рабудани як тифли навзоди тоҷик дар Миср


Мақомоти сафорати Тоҷикистон дар Миср хабар доданд, ки маъмурони амниятии Қоҳира як навзоди рабудашудаи тоҷикро пайдо карда ва ба волидонаш баргардонидаанд. Маҳмадамин Шарифов – намояндаи сафорат ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ҳодиса рӯзи 21 январ ба вуқӯъ пайвастааст ва тифли семоҳа сиҳату саломат дар назди волидонаш мебошад. Маҳмадамин Шарифов - имрӯз 24 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, як зани мисрӣ бо роҳи фиреб тифли Амир Ҳамза донишҷӯ ва шаҳрванди Тоҷикистонро аз иқоматгоҳаш рабудааст ва баъди муроҷиати сафорат, ниҳодҳои амниятии Миср он занро бо тифл дар 30 километрии маҳалли ҳодиса пайдо кардаанд.
XS
SM
MD
LG