Чин мегӯяд, интиқоди Иёлоти Муттаҳида аз маҳдудиятҳои дастрасӣ ба интернет дар Чин метавонад, ба равобити байни ду кишвар зарба занад. Рӯзи панҷшанбе вазири умури хориҷии Амрико, Ҳилларӣ Клинтон, аз мақомоти Чин даъват кард, ҳамлаи электронӣ ба сомонаи Гуглро, ки сабаби таҳдид Гугл ба тарки Чин шудааст, таҳқиқ кунанд. Вай ҳамчунин аз Пекин хост, натиҷаҳои ин таҳқиқ ба нашр расанд. Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин ин иттиҳомотро беасос хонд ва гуфт, ҳарду ҷониб бояд ба масъалаҳои ҳассос бо назардошти ҳифзи равобити ҳасана ва пойдори Чину Амрико бархӯрд кунанд.