Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Вашх" дар бозиҳои 18-ӯмин ҷоми кишварҳои ҳамсуд


Дар Маскав бозии дастаи футболи "Вахш"-и Тоҷикистон бо "Боку" Озарбойҷон бо ҳисоби 0:2 анҷом ёфт. Бозии мазкур дар чаҳорчӯбаи мусобиқоти футбол барои 18-умин Ҷоми кишварҳои муштаракулманофеъ анҷом мегирад. Ин мусобиқот сол то сол шукӯҳи худро аз даст медиҳад, вале онро ҳамчунон баргузор мекунанд, зеро он зери назари ФИФА ва УЕФА анҷом мегирад. Дар бозиҳои ин ҷом бар иловаи дастаи футболи "Вахш"-и Қурғонтеппа, ки қаҳрамони футболи соли 2009-и Тоҷикистон мебошад, намояндаҳои кишварҳои ҳамсуд ширкат мекунанд. Тоҷикистон дар гурӯҳи "В" бо қаҳрамонҳои Озарбойҷону Финландия ва Қазоқистон бозӣ мекунад. Намоиши бозиҳои 18-умин Ҷоми кишварҳои ҳамсуд аз бозиҳои чаҳорякниҳоӣ тавассути шабакаи телевизионии "Мир" оғоз мешавад.
XS
SM
MD
LG