Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Минску Маскав баҳси нархи нафтро идома медиҳанд


Беларус ва Русия талошҳои худ ҷиҳати ҳалли баҳси нархи нафтро, ки дар Аврупо мояи нигаронӣ дар бораи таъмини нафти ин қора шудааст, аз сар хоҳанд гирифт. Минск ба хотири идомаи музокирот муовини сарвазир Владимир Семашкоро ба Маскав мефиристад. Сафари ӯ бо даъвати муовини сарвазири Русия Игор Сечин сурат мегирад.
Як мавзӯъи аслии баҳс таъарруфаҳоест, ки Беларус бояд аз соли нав барои нафти Русия пардохт кунад. Маскав дар остонаи соли нав эълон кард, ки имтиёзҳои қаблии Минскро лағв карда, аз ин ба баъд нафташро ба Беларус бо қиматҳои бозори ҷаҳонӣ хоҳад фурӯхт. Беларус дар посух таҳдид кард, ки нархи транзити нафти Русияро то 10 маротиба боло хоҳад бурд.
XS
SM
MD
LG