Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Аҳмадинажод ва Раҳмон дар Душанбе


Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод имрӯз дар Душанбе гуфт, Эрон ҳамкориаш бо Тоҷикистонро ба манзури таҳкими амнияти минтақа ва овардани субот ба Афғонистону Покистон идома хоҳад дод. Аҳмадинажод, ки дар пайи мулоқот бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон сӯҳбат мекард, афзуд, Теҳрон сармоягузориҳояш ба соҳоти энерживу кишоварзӣ ва риштаҳои дигари иқтисоди Тоҷикистонро идома хоҳад дод.
Эмомалӣ Раҳмон низ бо пуштибонии кишвараш аз барномаи мусолиматомези ҳастаии Эрон гуфт, Душанбе ҷонибдори аз роҳи муколама ва гуфтугӯ ҳалл кардани ин масъала мебошад.
Имрӯз байни Тоҷикистону Эрон 6 санади ҳамкорӣ ба имзо расид. Ин аснод аз ҷумла марбут ба шароити истирдоди афроди таҳти пайгард, ҳамкорӣ дар риштаҳои энержӣ ва заминшиносӣ, анҷоми нақби “Истиқлол” ва омӯзиши тарҳи нирӯгоҳи Айнист.
Маҳмуди Аҳмадинажод дар пайи Тоҷикистон аз Туркманистон низ дидан хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG