Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роғунро бисозед, аммо на ба ин шева


"Насохтани нерӯгоҳи Роғун гуноҳ аст", гуфтааст яке аз бинокорони ин иншооти муҳим. "Роғун ояндаи мост", "Роғун -- саҳнаи нангу номуси мо", "Бояд бисозем!" ва шиорҳои зиёде аз ин қабил пас аз даъвати раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, бештару бештар ба гӯш мерасанд.

Ҳукумат низ эълон кард, ки қимати саҳмияҳои Роғун муайян шуда, нашри ин вомбаргҳо ба зудӣ шурӯъ мешавад.

Зоҳиран, азми Тоҷикистон ба анҷоми нерӯгоҳи ниматамоми Роғун ҷазм ва шоистаи таҳсин аст. Аммо оё танҳо азм кофист, ки Роғун сохта шавад? Фикр намекунед, барои ин пули кофӣ, нерӯи кории кофӣ, техникаи кофӣ ва мутахассисони соҳибтаҷриба лозим аст, то тарҳеро, ки Иттиҳоди Шӯравӣ, бо он азаматаш натавонист, бисозад, анҷом бидиҳем.

Оё чунин тарҳи заҳматталаб, серхарҷ ва нозукро метавон бо даъватҳо, шитобкорӣ ва онгуна ки баъзе аз мақомоти расмӣ мегӯянд, ба рағми “душманон” (манзур ҳукумати Узбакистон) иҷро кард? Беҳ нест, як бори дигар биистем ва андеша кунем, ончӣ, ки аз рӯи асабоният ва ба рағми душманон саросемавор месозем, пойдор хоҳад буд ва натиҷааш ҳамон чизе нахоҳад шуд, ки ба гуфтаи эшон "душманон" мехоҳанд? Яъне нобудии ҳар чизи хубе, ки мо мехоҳем. Аз асабоният мушт задан ба рӯи душман, сабаби ҷароҳати бинии ӯ, вале шикастани дасти муштзан ҳам мешавад. Илтиҷо мекунам, “дасти ҳаётии худро” нашиканед, зеро Тоҷикистонро аз он луқмаи ширине, ки мехоҳад бичашад, маҳрум хоҳед кард.

Ваъда додаем, ки то саввуним соли дигар чархаи аввали нерӯгоҳи Роғунро ба кор меандозем ва барои ин ба каме пул, тақрибан 600 миллион доллар, мӯҳтоҷ ҳастем. Аммо ин танҳо рақами тахминист, ки фасоди мавҷуд дар Тоҷикистон онро аз 1 миллиард доллар ҳам бештар хоҳад кард. Магар ягон сохтмоне буд, ки дақиқан бо ҳамон ҳисобҳои тахминии пешакӣ ба итмом расид? Кафолате ҳаст, ки сармояи мардумӣ бе чошу пареш ва буридану рабуданҳо ба иҷрои тарҳи Роғун сарф хоҳад шуд?

Дур наравем ва ба ҳамин нақби “Анзоб"-и зери биниамон" бингарем, хоҳем дид, ки анҷоми тарҳҳои сохтмонӣ онгуна ки тассавур мекунем, осону камхарҷ нест. Барои нақби Истиқлол то 30 миллион доллару танҳо 3-4 сол зарур гуфтем, вале бо вуҷуди ифтитоҳи расмии нақби мазкур, ҳаракат аз тариқи он шабеҳи “Пули Сирот” аст. Гузашта аз ин ҳанӯз ҳам назди Эрон гардан каҷ мекунем, ки барои такмили нақб 5 ё 6 миллилион доллараки дигар кӯмак кунад. Кӣ кафолат медиҳад, айни чиз бо Роғун иттифоқ нахоҳад афтод, Роғуне, ки бо азаматаш, нақби Анзоб дар пеши он мисли “магас дар назди фил” аст.

Роҳи оҳани Қӯрғонтеппа -- Кӯлобро сохтем ва бо тантанаи зиёд аввалин қатор аз рӯи он гузашт. Аммо пас аз ҳафтае чанд ҷои ин роҳ ва пулҳои саросемавор сохтаву бо сабаби дуздӣ шудани соруҷ (семент) камқуввати мо фурӯ афтоданд. Оё медонед, роҳи Қароқурум -- Қулма дар чӣ ҳол аст?

Роғунро набояд шитобкорона сохт, зеро сохтани нерӯгоҳе азим ва дар минтақаи зилзилахезу кӯҳӣ эҳтиёту дурусткории бештарро тақозо мекунад ва пеш ниҳодани ҳар сангу симаш бояд на 10 бор, балки 20 - 30 бор чен кард ва сипас гузошт. Аз ҳамин ҳоло маълум аст, ки дар бунёди Роғун шитоб дорем, беэҳтиётӣ ва хато мекунем.

Масалан дар рӯзе, ки Эмомалӣ Раҳмон - раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ба маҳалли нерӯгоҳи Роғун сафар кард, корвони дарози мошинҳои боркаши наверо, дидем, ки болояшон чунин навишта буданд, "нерӯгоҳи барқии обии Роғун”. Аз як забондони оддии тоҷик бипурсед, ҳатман хоҳад гуфт, ки ин гуна навишт нодуруст аст. Аломати беэҳтиётии дигар аз аввал ин аст, ки дар ойинаи пеши он мошинҳои азим аксҳои бузурги раиси ҷумҳурро гузошта буданд. Ҳар нозири оддии роҳ медонад, ки гузоштани чизе пеши ойинаи мошин мумкин нест ва метавонад боиси садама шавад.

Роғунро бисозед, аммо ба хотири миллати тоҷику насли ояндаи он, на ба хотири боло бурдани эътибори касе ва на ба рағми бадхоҳон. Бунёд накардани нерӯгоҳи Роғун “гуноҳ” аст, вале шитобкоронаву асабонӣ бунёди кардани он “гуноҳест кабира ва нобахшиданӣ”.
XS
SM
MD
LG