Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сурия гуфт, таркиш амали террористӣ нест


Сурия мегӯяд, бар асари таркиши автобуси зойирони эронӣ дар шаҳри Димишқ, се нафар ҳалок шудаанд. Автобус ҳангоми гирифтани бензин аз як бензинфурӯшӣ мунфаҷир шудааст. Саид Муҳаммад Саммур – вазири умури дохилаи Сурия, гуфт, таркиш амали терористӣ набуда ва бар асари инфирҷори чархи автобус ба вуқӯъ пайвастааст. Пеш аз ин гузориш мешуд, ки дар автобус бомб таркидааст. Дар ин ҳодиса, ки дар наздикии як зиёратгоҳи Димишқ ба вуқӯъ пайваст, даҳҳо нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Бомбгузорӣ дар Сурия бисйор кам иттифоқ афтодааст, аммо моҳи сентябри соли 2008 дар натиҷаи инфиҷори мошини бомбгузоришуда, 17 нафар дар ин кишвар ҳалок шуданд.
XS
SM
MD
LG