Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрикоиҳо имкони боздошти бин Лодинро аз даст доданд


Нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон чанд сол қабл имкони боздошти Усома Бин Лодинро аз даст доданд. Ба ин нукта дар гузориши кумитаи умури хориҷии Сенати ИМА таъкид шудааст. Дар ин гузориш гуфта шудааст, ки ҳайати фармондеҳӣ дар Афғонистон замони амалиёт дар минтақаи Тора-Бора аз афзоиши теъдоди низомиён ва ҳамлаи густарда сарпечӣ кард. Ба ҷойи ин Тора-Бора мавриди ҳамлаи ҳавопаймоҳои низомӣ қарор гирифт ва баргузории амалиёти заминӣ бар дӯши афғонҳо вогузошта шуд. Ҳамон замон марзбонҳои Покистон талош карда буданд то аз имкони ихроҷи Усома бин Лодин аз Тора Бора ва вурудаш ба қаламрави Покистон ҷилавгирӣ кунанд. Дар гузориш фаъолияти собиқ вазири дифоъи Амрико Доналд Рамсфелд мавриди интиқоди шадид қарор гирифтааст.
XS
SM
MD
LG