Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маросими видоъ бо роҳиби кушташуда дар Маскав


Дирӯз дар калисое дар ҷануби Маскав маросими видоъ бо роҳиби православ Даниил Сисоев доир шуд. Дар ин маросим беш аз 2000 нафар, бо шумули асқафи калисои православии Русия Кирилл ширкат карданд. Даниил Сисоев рӯзи 19 ноябр бар асари як сӯъиқасд кушта шуд. Муфаттишон мегӯянд, қатли роҳиб шояд ба далоили мазҳабӣ сурат гирифтааст. Сисоев мегуфт, ба маҳзи интиқодҳояш аз Ислом ва ба дини масеҳӣ даъват кардани мусалмонон чанд дафъа мавриди таҳдид қарор гирифта буд.
XS
SM
MD
LG